ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи забони давлатӣ"-ро, ки ба танзими насби лавҳаҳои таблиғотӣ нигаронида шудааст, тасдиқ кард.
Гузориш дода мешавад, ки истифодаи забони тоҷикӣ дар нашрияҳои иттилоотӣ ва лавҳаҳои таблиғотӣ ҳатмӣ хоҳад шуд.
Тағйирот ба қонуни дахлдор як қатор қоидаҳои мушаххасро дар бораи намуди зоҳирии матнҳои маркетингӣ ва иттилоотӣ муқаррар мекунад.
Дар тағйирот гуфта мешавад, ки "Матнҳои таблиғотӣ ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ дар забони давлатӣ дар боло ё чап ва дар забонҳои дигар дар поён ё рост бо андозаи якхелаи ҳарфҳо ҷойгир карда мешаванд".
Дар Тоҷикистоен Қонун "Дар бораи забони давлатӣ" дар соли 2009 қабул карда шуд.
Тибқи муқаррароти он, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд забони давлатӣ - забони тоҷикиро - донанд ва инчунин онро барои коргузорӣ, мукотибаи расмӣ ва таҳсил истифода баранд.