Сарвазир: Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 ду баробар афзоиш меёбад

Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки дар 250 ширкату сармоягузор иштирок доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои саноатӣ Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли саноатиро ду баробар зиёд намуда, ҳиссаи соҳаи саноатро дар иқтисоди миллӣ то ба 30 фоиз расонад.
Гуфт сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни ифтитоҳи Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки форум бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ-металлургӣ, барқарорсозӣ ва тавсеаи робитаҳои минтақавӣ, ҳамчунин таъмини рушди устувори ин бахши воқеии иқтисодиёт доир мегардад.
Ба гуфтаи Расулзода, айни замон дар Тоҷикистон 90 хатти истеҳсолӣ мавҷуд аст, ки 140 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол мекунанд ва истихроҷи металлҳои ранга ва қиматбаҳо 40%-и иқтисоди миллиро ташкил медиҳад.
"Тоҷикистон дорои пойгоҳи бузурги захираҳои маъданӣ мебошад, ки дорои 10 металл ва маъданҳои муҳим барои гузариш ба иқтисоди сабз мебошад, ки арзиши умумии онҳо то соли 2030 метавонад ба 800 миллиард доллар расад", - гуфт сарвазир.
Вай инчунин қайд кард, ки 98% энергияи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мешавад ва то соли 2032, Тоҷикистон қасд дорад, ки ин рақамро то 100% афзоиш диҳад ва нерӯи барқро пурра аз энергияи сабз истеҳсол кунад ва ба кишвари сабз табдил ёбад.
“Дар ин замина метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон иқтисоди "сабз", татбиқи технологияҳои рақамӣ, робототехника, тиҷорати электронӣ ва дигар инноватсияҳо, талабот ба захираҳои стратегӣ ва минералҳои муҳим дар соҳаи кӯҳкорӣ босуръат афзоиш меёбад”, - афзуд сарвазир.
Расулзода таъкид кард, ки тақвият ва муосирсозии соҳаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа нақши муҳим доранд
Бунёди парки саноатӣ дар Душанбе як лоиҳаи хеле муҳим аст, - ноиби вазири саноат ва савдои Русия.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то нимаи дуюми рӯз идома меёбад.
Дар форум беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъданҳои кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.
Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, маърузаҳои коршиносон, вохӯриҳо ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор мегарданд.
Форум ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан суръат мебахшад.