ДУШАНБЕ, 7дек - Sputnik. Тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил (ИДМ) дар 9 моҳи соли 2025 нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи 2,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ бо эъломи ин матлаб гуфт, ки тайи ин муддат бештари кишварҳои ин Иттиҳодияи раванди мусбати иқтисодиро нишон доданд, ба истиснои Молдова, ки тавлиди нохолиси дохилии он дар сатҳи мушобеҳи соли 2024 боқӣ мондааст.
Бештарини нархи рушд дар Қирғизистон (10%), Тоҷикистон (8,2%) ва Узбекистон (7,6%) сабт шудааст.
Бар асоси ин гузориш, рушди тавлиди саноатӣ, кишоварзӣ ва гардиши фуруши хурдафурӯшӣ дар ин давраи ҳамчунон идома ёфта ва ба таври куллӣ дар ин муддат, тавлиди саноатӣ кишварҳои ҳамсуд 1,4%, маҳсулоти кишоварзӣ 2,4%, гардиши фурӯши хурдафурӯшӣ 3,3% афзоиш доштааст.
Бо ин ҳол, гардиши тиҷорати хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар давраи январ – августи соли 2025 ба мизони 2,4% коҳиш ёфтааст.
Дар айни ҳол, кишварҳои монанди Узбекистон ( 18,1%), Тоҷикистон (16,8%), Молдова (12,4%) ва Озарбойҷон (3,6%) раванди мусбати иқтисодиро нишон додаанд.
Коҳиши тавлиди нохолиси дохилӣ дар кишварҳои Белорус (0,01%), Қазоқистон (2,1%), Русия (3,2%), Қирғизистон (9,1%) ва Арманистон (41,1%)-ро ташкил додааст.