ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Баста шудани созишномаи тиҷорати имтиёзнок байни Ҳиндустон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба муносибатҳои иқтисодии Русия ва Ҳиндустон таъсири мусбат хоҳад расонд.
Президенти Русия Владимир Путин ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарии Форуми тиҷоратии Русия ва Ҳиндустон дар Деҳлии Нав изҳор дошт.
"Баста шудани зудтари созишномаи тиҷорати имтиёзнок байни Ҳиндустон ва ИИАО низ дар ин самт таъсири мусбат хоҳад дошт", - гуфт раҳбари Русия.
Дар навбати худ, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ пас аз музокирот бо президенти Русия изҳор дошт, ки Маскав ва Деҳлӣ барои бастани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Ҳиндустон чораҳо меандешанд.
"Ҳарду ҷониб барои бастани созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва кишвари мо чораҳо меандешанд", - гуфт Модӣ.
Қаблан хабар дода шуд, ки айни замон омодагии фаъол барои даври аввали музокирот оид ба созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Ҳиндустон идома дорад.
Ҳиндустон минтақаи калидӣ барои кишварҳои ИИАО мебошад. Қарор дар бораи оғози музокирот бо Ҳиндустон оид ба созишномаи тиҷорати озод аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар соли 2016 қабул шуда буд.