Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шуд

Табибони тоҷик барои нахустин бор, барои беморе, ки пайванди ҷигар гузаронидааст, ҷарроҳии нодирро бе буриш анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ бори аввал эмболизатсияи шараёни испурч бо муваффақият анҷом дода шуд.
Дар ин бора, Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷарроҳи эндоваскулярии маркази мазкур Ҷамшед Раҳмонов, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амали мазкурро анҷом додааст, мегуяд, баъди анҷом додани ин амал хунгардиши шараёни ҷигари бемор беҳтар карда шудааст.
Ба иттилои Раҳмонов, дар бемор, ки сокини 50-солаи шаҳри Душанбе мебошад, пас аз 20 рӯзи амалиёти пайванди ҷигар ҳангоми муоинаи назоратӣ, хунгардиши шараёни ҷигар паст мушоҳида шуда, бемор ба маркази номбурда муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи номбурда, чунин ҳолат ба бемор пас аз пайванди ҷигар дар соҳаи тибби кишвар бори нахуст ба амал омадааст ва то кунун табобати ингуна ҳолати беморӣ таҷриба ҳам карда нашуда буд.
"Бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва донишу таҷрибаи андухтаи мутахассисони ватанӣ дар кишварҳои гуногуни олам имконият даст дод, ки чунин ҳолати бемор саривақт бартараф гардида, вазъи саломатии он муътадил нигоҳ дошта шавад", - омадааст дар хабарнома.
Гузаронидани ангиографияи такрорӣ пурра барқарор шудани гардиши хун дар раги шараёни беморро нишон дод, ки он самаранокии усулро тасдиқ намуда, ба устувор шудани вазъи саломатии бемор мусоидат намуд. Ин амалиёт ба бемор бе буриш гузаронида шудааст.
Пас аз як рӯзи гузаронидани амали мазкур бемор ба хонааш рухсат дода шуда, айни ҳол вазъи саломатиаш хуб мебошад.
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии нодири мағзи сар роҳандозӣ шуд
Ба гуфтаи Раҳмонов, ин амалиёт нахустин таҷрибаи табобати чунин беморӣ дар кишвар ба шумор рафта, имкониятҳои навро барои муолиҷаи осебҳои мураккаби рагӣ баъди пайванди ҷигар фароҳам овард.