Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин ва Модӣ муносиботи дуҷониба ва вазъияти Украинаро баррасӣ карданд

Ҳиндустон аз ҳалли саривақтии буҳрони Украина пуштибонӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар мулоқоти шакли маҳдуд дар Деҳлии Нав муносибатҳои дуҷониба ва вазъияти Украинаро баррасӣ карданд.
Президент ҳамкориҳои низомӣ-техникии Маскав ва Деҳлиро бо самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, кайҳон ва зеҳни сунъӣ ситоиш кард.
"Дар мавриди муносиботи мо, онҳо воқеан хусусияти таърихии хеле амиқан доранд", - гуфт Путин.
Путин мулоқоти дирӯзаро бо Модӣ муфид хонд. Ӯ амалҳои ИМА ва Русияро барои расидан ба созиши эҳтимолӣ байни Маскав ва Киев шарҳ дод. Ӯ инчунин аз сарвазир барои талошҳояш дар пешбурди раванди сулҳ изҳори сипос кард.
Дар навбати худ, Модӣ сафари Путинро дорои аҳамияти таърихӣ унвон кард.
"Нақши шумо аз соли 2000, дар тӯли дувуним даҳсолаи охир, далели роҳбарии дурандешона ва қавии шумо ва рушди муносибатҳои дуҷониба аст. Ин намунаи хубест барои дигар муносибатҳо", - гуфт Модӣ.
Сарвазир шарҳ дод, ки Маскав ва Деҳлӣ мунтазам дар бораи вазъияти Украина мубодилаи афкор мекунанд, ки ин аз эътимоди амиқ байни кишварҳо шаҳодат медиҳад. Ҳиндустон аз ҳалли фаврии низоъ ҷонибдорӣ мекунад.
Моди аз Путин барои боздид бо забони русӣ изҳори сипос карда, гуфт: "Спасибо".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳиндустон аз ҳалли саривақтии масъалаи Украина пуштибонӣ мекунад
Сипас музокирот дар шакли васеъ бо ширкати ҳайатҳо идома ёфт. Роҳбарон ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, инчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Пас аз мулоқот, Путин ва Моди барои ВАО изҳорот медиҳанд ва бастаи таъсирбахши ҳуҷҷатҳоро қабул мекунанд. Онҳо инчунин дар ҷаласаи умумии форуми тиҷоратии Русия ва Ҳиндустон суханронӣ хоҳанд кард.