Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков: Агар Русия бо роҳи сулҳ ба ҳадафҳои худ нарасад, амалиёт идома меёбад

Песков ба суол, ки агар Киев аз иҷрои талаботи Маскав барои ҳалли буҳрони Украина саркашӣ кунад, Русия чӣ кор хоҳад кард, посух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Агар Русия ба ҳадафҳои худ дар Украина бо роҳҳои осоишта ноил нашавад, амалиёти махсуси низомӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ин бора, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
"Агар мо натавонем мушкилотро ҳал кунем ва ба ҳадафҳои худ бо роҳҳои осоишта ноил шавем, мо кори худро идома медиҳем ва ҳама кори заруриро барои таъмини манфиатҳои худ анҷом медиҳем", - гуфт Песков дар мусоҳиба бо RT.
Ин дар ҳолест, президенти Русия Владимир Путин Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, домоди президенти ИМА ва асосгузори Affinity Partners-ро 2 декабр дар Кремл ба ҳузур пазируфт.
Сафари намояндагони ИМА ба Русия бо муҳокимаи нақшаи сулҳи ИМА барои Украина алоқаманд буд.
Ба гуфтаи Путин, ҷониби ИМА 27 бандро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Ушаков музокироти Кремлро хеле пурмазмун номид ва афзуд, ки тамосҳо байни Русия ва ИМА идома хоҳанд ёфт.
Ушаков инчунин қайд кард, ки муваффақиятҳои артиши Русия дар майдони ҷанг ба раванд ва хусусияти музокирот таъсири мусбат расонидаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳиндустон аз ҳалли саривақтии масъалаи Украина пуштибонӣ мекунад
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.