ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Танҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 283 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора мақомоти вилотяи Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 179 нафар мардон (63,2 фоиз) ва 104 нафар занон (36,8 фоиз) мебошанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 254 нафар ё 89,7 фоизи ҳолатҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кардааст, ки қисми зиёди ҳолатҳои нави сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бақайд гирифта шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ ва бе истифода аз рифола сироят ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, хавфи сироят дар ҳама соҳаҳо ва касбу корҳо вуҷуд дорад.
Вазорат қайд кардааст, ки муҳимтарин нерӯи зидди ВНМО - огоҳии ҷомеа аст. Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, гузаштан аз ташхис, дастрасии умумиҷаҳонӣ ба табобат ва паст шудани сарбории вирусӣ миёни гирифторон метавонад эпидемияро боздорад.
Ҳамчунин вазорат таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) аз соли 2006 ройгон пешниҳод мешавад ва давлат иҷрои ин кафолатро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Ҳар шахси сироятёфта имконият дорад, ки вобаста ба зарурат табобати ройгон гирад.
Вазорати тандурустӣ зикр кардааст, ки бо вуҷуди пешрафтҳо, паҳншавии беморӣ то ҳол мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад, бахусус дар мавриди занон, ки аксар вақт ба сабаби рафтори хавфноки ҳамсаронашон сироят меёбанд ва ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Мақомот ба муассисаву ташкилотҳои дахлдор дастур додааст, ки дар ин самт барои пешгирии сирояти ВНМО байни ҷавонон ва хусусан шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар барои кору фаъолият мераванд, чораҳои пешгирикунандаро пурзўр намоянд.