ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Дар Русия мулоқоти васеи муовини вазири меҳнат Шариф Норзода бо ҳайати намояндагии Вазорат дар ин кишвар баргузор шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам вобаста ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ба таври муфассал баррасӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ба мавзуъҳои зерин диққати вижа дода шудааст:
тақвияти чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон;
баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотӣ-ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон;
вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар ҳалли ҳолатҳои баҳсӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ байни коргарони тоҷик ва корфармоёни рус;
такмили механизмҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фиристодани онҳо аз Тоҷикистон ба Русия;
ҳамкории зич бо мақомоти Русия ва созмонҳои иҷтимоӣ барои пешгирии нақзи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ.
Норзода кори ҳайати намояндагиро баланд арзёбӣ намуда, саҳми назарраси кормандонро дар ҳифзи манфиатҳои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият доранд, таъкид кард.
Ӯ ба намояндагӣ як қатор вазифаҳои мушаххасро барои давраи наздик, азҷумла зарурати афзоиши сафарҳои сайёрӣ ба минтақаҳое, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик зиёд аст, муайян намуд.
Инчунин бобати густариши ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои касабавӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, таъкид гардид.