ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Нахустин маросими ҷоизасупории филми АвруОсиё бо номи "Парвонаи алмосӣ" дар коргоҳи Никита Михалков "12" дар Маскав баргузор шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии озмун хабар дод.
Президенти Русия Владимир Путин ба иштирокчиёни маросим паёми табрикотӣ фиристод.
"Ҳамаи шуморо муҳаббати самимӣ ба кори интихобкардаатон ва садоқат ба ормонҳои баланди инсондӯстона муттаҳид мекунад", - омадааст дар номаи табрикотии президент.
Дар доираи ин чорабинӣ, Тоҷикистон филми "Моҳӣ дар шаст"-ро муаррифӣ кард.
Ин филм, ки аз ҷониби коргардонҳои тоҷик ва эронӣ бо ширкати Русия ба навор гирифта шудааст, аллакай дар Фестивали байналмилалии филми "Сомон"-и Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд.
Дар маҷмӯъ 34 филм барои баррасии ҳайати коршиносони ҷоиза ба рӯйхат шомил шуданд.
Ғолиби асосии ҷоизаи филми "Бриллиантовая бабочка" филми "Бар зидди ҷараён " аз Чин гардид.
Дар озмун, ҳамчунин асарҳои Русия, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Сербия, УзбЕкистон, Венесуэла, Куба, Сенегал, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Беларус, Индонезия, Ветнам, Эрон ва дигар кишварҳо пешниҳод шуданд.