ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон гузориш додааст.
Дар номаи таслияти худ, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз воқеаи фоҷиабор, изҳори андӯҳ кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сухтори шадид дар яке аз маҷмааҳои истиқоматии шаҳри Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи инҷониб гардид", - омадааст дар номаи таслияти президент.
Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Чин ва хонаводаи фавтидагон изҳори таслият кард.
"Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам", - гуфтааст президенти Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки бар асари сӯхтори шадид дар яке аз маҷмааҳои истиқоматии шаҳри Ҳонконг, беш аз 128 тан ҷон бохта, 79 нафари дигар захмӣ шуданд.
Сӯхтор дар маҷмааи истиқоматии Ванг Фук Корт 26 ноябр оғоз ёфт. Тахтаҳои бамбук, ки дар атрофи биноҳо ҳамчун як қисми нақшаи таъмир сохта шуда буданд, оташ гирифтанд.
Сӯхтор зуд паҳн шуд ва дар ниҳоят ҳамаи ҳашт бинои маҷмааро фаро гирифт. Ин бузургтарин сӯхтор дар Ҳонконг дар тӯли 17 сол аст. Сӯхтор танҳо ду рӯз пас хомӯш карда шуд ва айни замон кормандони ёрии таъҷилӣ манзилҳоро тафтиш мекунанд.