ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар хъабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар доираи СААД, аз ҷумла рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.
Дар ин чорабинӣ, Дабири кулли СПАД, Имангали Тасмагамбетов ба иштирокчиён дар бораи вазъи низомӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва фаъолияти Котибот дар давраи байни ҷаласаҳо маълумот дод.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ҷории кори муштарак, аз ҷумла татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддир, тақвияти ҳамкории низомӣ ва рушди иқтидори таҳлилии Созмонро баррасӣ карданд.
Ба иттилои вазорати хориҷа аз натиҷаи ҷаласа қарору изҳоротҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи амният ва пешгирӣ аз таҳдидҳои фаромарзӣ нигаронида шудааст, мувофиқа намуданд.