ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СПАД ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд.
Дар и н бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ, бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуд.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки СПАД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад.
"Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад", — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон аз қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СПАД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ кард.
Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СПАД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби раҳбари Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Зимнан дар ин нишаст дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СПАД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда.
Инчунин президенти Тоҷикистон аз аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СПАД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид.
Президенти Тоҷикистон изҳори бовар намуд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабул шуданд ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд.