Путин: Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои амниятӣ пайваста дар тамос ҳастанд

Раисҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар Бишкек масоили амнияти минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳошияи нишасти СПАД дар Бишкек бо Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон дидору мулоқот кард.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Дар ин мулоқот президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои амниятӣ пайваста дар тамос ҳастанд.
"Мо инчунин дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ пайваста дар тамосем", - гуфт раисҷумҳури Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Владимир Путин, қайд кард, ки ӯ бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар тамос аст.
Нигаронии Раҳмон аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби террористон
Вай афзуд, ки муколама байни вазорату идораҳои дахлдор ва хадамоти иктишофӣ идома дорад.

"Мо дар пайваста дар тамос ҳастем. Мо мефаҳмем, ки дар марзҳои шумо чӣ рӯй медиҳад. Ниҳодҳои иктишофӣ ва вазорату идораҳои амниятии мо низ якҷоя кор мекунанд", - гуфт Путин дар мулоқот бо Раҳмон дар Бишкек.

Владимир Путин инчунин илова кард, ки муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон тибқи нақша дар ҳоли рушд қарор доранд.
"Умуман, ҳама чиз мувофиқи нақшаҳои мо пеш меравад ва ҳамоҳанг карда мешавад", - гуфт Путин.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод, ки раҳбари кишвар дар вохӯрӣ бо Путин масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ кард.
Вай дар ин дидор қайд кардааст, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад.
Раҳбари Тоҷикистон дар мулоқот ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таъкид кард.
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД тақвияти ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд
Вай ба зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низтаъкид кард.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид кард.
Зикр гардидааст, ки роҳбарони ду кишвар зимни мулоқот мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, иштирок намуда суханронӣ кард.