ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки Ғарб ба Украина силоҳ интиқол медиҳад, ки он сипас дар саросари ҷаҳон паҳн мешавад.
"Имрӯз ин силоҳҳо дар куҷоанд, барои ҳама маълум аст - онҳо дар саросари ҷаҳон паҳн мешаванд", - гуфт раҳбари Беларус дар нишасти СААД дар Бишкек.
Лукашенко изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ интиқоли силоҳро ба Украина давом медиҳанд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.