Шералӣ Кабир: Ҳукумат мехоҳад як ширкати давлатии миллии зеҳни сунъиро таъсис диҳад

Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ки ширкатҳои хориҷии зеҳни сунъи бино бар истеҳсоли барқи сабз ва захираҳои бузурги об ба кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир Ҳукумати Тоҷикистон тасиси як ширкати давлатии миллии зеҳни сунъиро баррасӣ дорад, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Вазири саноат ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад дар базаи нерӯгоҳҳои барқӣ обии кишвар як маҷмӯаи калони "Data Сentre"-ҳои сабзро таъсис диҳад.
Вай гуфт, ки имрӯзҳо ширкатҳои бузурги хориҷии зеҳни сунъи барои он ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ки кишвар дорои занҷираи пурра аст.

“Барои “Data Сentre” зеҳни сунъи дастрасӣ ба оби соф муҳим аст. Ба сабаби он ки Тоҷикистон дорои бузурги захираҳои об аст, ширкатҳои зеҳни сунъи ба кишвари мо таваҷҷуҳ доранд. Об барои хунук кардани ин “Data Сentre”-ҳо хеле зарур аст”, - гуфт вазир.

Вай ҳамчунин илова кард, ки аз 31 метале, ки барои сохтани чип зарур аст, дар Тоҷикистон 12 намуди ин металҳои нодир, яъне зиёд аз 30% мавҷуд аст.
Эмомалӣ Раҳмон хостори таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе шуд.
Шералӣ Кабир гуфт, ки барои сохтан ва фаъолияти ингуна марказҳо барқи “сабз” ва об лозим аст.
“Дар Тоҷикистон 98% барқ истеҳсолмешуда “сабз” аст ва об ҳам ҳаст, ки метавонад ин “Data Сentre”-ҳоро хунук кунад. Талаботи "Data Сentre-"ҳо ҳоло куллан тағйир ёфтааст. Барои мисол барои хунук кардани "Data Сentre" тамоми обе, ки дар давлати Дания истифода мешавад лозим аст. Оби мо равон аст”, - қайд кард вазири саноат.
Вазир дар ин мусоҳиба се нуктаи муҳимро қайд кард, ки барои ширкатҳои хориҷиии зеҳни сунъи зарур аст ва онҳо ба ҳамин хотир ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
“Мо обу барқи “сабз дорем ва приференсияҳое, ки давлат дар ин замина пешниҳод кардааст ҳаст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, ки истифодаи технологияи зеҳни сунъи ва хизматрасони кардан ба ширкатҳои бузурги фаромиллӣ барои Тоҷикистон нафъ медиҳад.
Мақомдори тоҷик гуфт, ки дар ҳолати истифодаи технологияҳои зеҳни сунъи Тоҷикистон метавонад маблағ барои соҳаи гидроэнергетика пайдо кунад.
Вай гуфт ба кишвар сармоягузорӣ мешавад ва инчунин ширкатҳои бузурги фаромиллӣ, ки агар дар бозори Тоҷикистон ба онҳо хизматрасонӣ карда шаванд, ин ҳам обрӯи кишварро баланд мебардорад ва мардуми кишвар соҳиби технологияҳои нав мешаванд.