Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский пас аз ҳамлаҳои Русия асабонӣ шуд

Зеленский пас аз ҳамлаҳои мушакии артиши Русия аз кишварҳои Ғарб талаби пуштибонӣ кард ва хоҳони идомаи кумакҳои низомӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия, Владимир Зеленский бори дигар аз кишварҳои Ғарб барои таъмини лавозимоти низомӣ хоҳиш кард.
"Кумакҳо бояд таваққуф нашаванд. Ин кор ғайриимкон аст", - навиш ӯ дар канали Telegram-и худ.
Вазорати дифоъ рӯзи сешанбе эълон кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар посух ба ҳамлаҳои террористии Киев ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия, шабона ба иншооти низомӣ-саноатӣ ва энергетикии Украина ҳамлаҳои омехтаи мушакӣ ва паҳподӣ анҷом доданд.
Ба наздикӣ, рӯзномаи The Washington Post бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина гуфтанд, ки агар нақшаи сулҳи пешниҳодкардаи Вашингтонро рад кунанд, дастгирии низомиро қатъ карда мешавад.
Киев аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ хабарҳои бад гирифт
Чанде пеш намояндаи Кохи Сафед расман эълон кард, ки ИМА кумакҳои низомӣ ба Украинаро қатъ карданд.