Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пушилин: Артиши Русия қисми зиёди шаҳри Красноармейскро таҳти назорат гирифт

Ба гуфтаи роҳбари ҶМД артиши Русия қисми зиёди Красноармейскро таҳти назорат гирифтанд, нерӯҳои украинӣ дар муҳосира қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Денис Пушилин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Донетск, дар шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, ки қисми зиёди шаҳри Красноармейск таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дорад.
"Дар самти Красноармейск, дар худи шаҳр, ки қисми зиёди он ҳоло таҳти назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор дорад, талошҳо барои нест кардани душман идома доранд. Душман дар муҳосиратанд ва талафоти ҷиддӣ мебинад", - гуфт ӯ.
Пушилин афзуд, ки нерӯҳои Русия айни замон аз самти дигар ҳамла мекунанд, то минтақаи Красноармейск-Димитровскро зудтар озод кунанд.
Красноармейск ва Димитров як маркази муҳими нақлиётӣ барои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Ққисми назарраси роҳҳои таъминот ва тақвият ба Часов Яр аз Костантиновка мегузашт. Ин шаҳрҳо дар таъмини лавозимоти ҷангӣ ба Селидове нақши калидӣ доранд. Ин шаҳр санги асосии мудофиаи Украина дар тамоми хатти ҷабҳа дар ҶМД буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА мегӯянд Зеленский мехоҳад аз Украина фирор кунад
Рӯзи пеш Вазорати дифоъ хабар дод, ки сарбозони гурӯҳи "Марказ" дар тӯли 24 соати охир дар ин бахши ҷабҳа то 210 ҷанговари украиниро нобуд кардад.
Ҳафтаи гузашта Пушилин изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия ҳоло беш аз 75 фоизи шаҳрро тазти назорат гирифтанд.