Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кустуритса амалиёти вижаро "Ҷанги муқаддас" номид

Кустуритса изҳор дошт, ки Русия дар Украина барои имон ва ҳақиқат мубориза мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Русия дар Украина барои имон, ҳақиқат ва мазҳаби православӣ мубориза мебарад; ин "Ҷанги Муқаддас" аст.
Дар ин бора, коргардони серб Эмир Кустуритаа ба хабарнигорон изщори назар кард.
"Албатта маълум шуд, ки ин ҷанги Муқаддас аст. Ин ҷанг барои имон, ин ҷанг барои ҳақиқат ва православӣ аст," - гуфт Кустуритса дар фестивали RT.Doc: Time of Our Heroes ба хабарнигорон.
"Ва ман ҳамеша фикр мекардам, ки ин ҷанг аст, мубориза байни фарҳангҳои мо, зеро фарҳанги православӣ дар ин ҷо ва он ҷо дар Русия як аст," - илова кард коргардон.
Босния ва Ҳерсеговина соли 1992 истиқлолияти худро аз Югославия эълон карданд, ки пас аз он дар ҷумҳурӣ ҷанге сар зад, ки дар он мусалмонони Босния, сербҳо ва хорватҳо иштирок карданд, ки то соли 1995 идома ёфт.
Шумораи дақиқи қурбониён расман муайян нашудааст, аммо манбаъҳои гуногун рақами беш аз 100 ҳазорро нишон медиҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Пайвастшавии Украина ба ИА метавонад онро аз дохил нобуд созад
Бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созишномаи сулҳи Дейтон ба имзо расид ва се ниҳод таъсис дода шуданд: Федератсияи Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Сербиҳо ва Ноҳияи махсуси Брчко. Раҳбарияти давлат аз се нафар иборат аст: як намоянда аз сербҳо, хорватҳо ва босниягиҳо (мусалмонон - славянӣ).