ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бонки АвруОсиёии рушд ва шаҳрдории Душанбе Ёддошти тафоҳумро дар бораи рушди ҳамкорӣ имзо карданд.
Лоиҳаҳои бонк дар пойтахти Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
"Ин ҳуҷҷат заминаро барои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаи табдили рақамии идоракунӣ ва инфрасохтори шаҳрии пойтахти Тоҷикистон фароҳам меорад", - гуфт, Тигран Саркисян, роҳбари Фонди ташаббусҳои рақамии БАОР.
Корҳои муштарак оид ба табдили рақамии инфрасохтори пойтахт соли 2021 оғоз ёфтанд.
"Лоиҳаи калидии Фонди ташаббусҳои рақамии БАОР, Дафтари шаҳрдории Душанбе ва корхонаи давлатии "Шаҳри ҳушманд" барои харитаи электронии Душанбе мебошад, ки барои он фонд дар соли 2025 тақрибан 1 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар марҳилаи кунунии лоиҳа, асли система эҷод мешавад, методология ва равандҳо такмил дода мешаванд ва ҳамкорӣ бо чор шӯъбаи шаҳрӣ ба роҳ монда мешавад", - гуфт Петросян.
Ғайр аз ин, байни БАОР, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳо" созишномаи сеҷониба дар бораи расонидани кумаки техникӣ ба имзо расид.
Ин ҳуҷҷат барои татбиқи лоиҳаи Фонди кумаки техникии БАОР барои таҳияи асосноккунии имконпазирии сохтмони маркази нақлиёт ва логистикӣ дар гузаргоҳи марзии Фотехобод равона шудааст.
"Мо итминон дорем, ки ин лоиҳа мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун як маркази муҳими нақлиётии минтақавӣ тақвият медиҳад", - гуфт Владимир Якунин, директори бонк дар Тоҷикистон.
Ҳуҷҷати дигаре, ки ба имзо расид, ёддошти байни Бонки АвруОсиёиии рушд ва Кумитаи андоз буд. Он барои рушди технологияҳои рақамӣ дар бахши андоз равона шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки БАОР нақша дорад, ки маблағгузориро барои самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон афзоиш диҳад. Тибқи Стратегия барои солҳои 2023-2026, дар маҷмӯъ 650 млн доллар барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.