Раёсати дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Тоҷикистон гузашт

Раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Ҷаласаи навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳо (СҲШ) аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.
"Пас аз натиҷаҳои ҷаласаи мо, раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад", - гуфт Мишустин, дар анҷоми ҷаласаи васеъи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ).
Натиҷаҳои ҷаласа дар Изҳороти муштарак инъикос ёфтаанд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ 17-18 ноябр дар Маскав баргузор гардид. Ин чорабинии ниҳоии раёсати Русия дар ин созмон буд.
Тавре ки қаблан Дафтари ҳукумати Русия хабар дода буд, раёсати Русия дар СҲШ ба суръат бахшидан ва беҳтар кардани сифати ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар доираи СҲШ нигаронида шуда буд.
Сарвазири Тоҷикистон: муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои СҲШ аз лиҳози стратегӣ муҳиманд
Манбаъ таъкид кард, ки "умуман, ҳадафҳое, ки дар консепсияи раёсати Русия дар СҲШ муқаррар шудаанд, амалӣ шудаанд".
Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) даҳ кишварро муттаҳид мекунад: Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон.