ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиш ҳамлаи ҷавобӣ, аз ҷумла бо мушакҳои "Кинжал", ба иншооти низомию саноатии Украина анҷом додааст.
"Дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия имрӯз субҳ ҳамлаи бузурге бо истифода аз силоҳҳои дақиқи дурпарвоз, ҳавоӣ ва баҳрӣ, аз ҷумла мушакҳои аэробаллистикии фаросавтии "Кинжал" ва паҳподҳои интиҳорӣ ба иншооти низомӣ-саноатӣ ва энергетикии Украина, ки зарба зада шуд", - гуфт шудааст дар изҳорот.
Нерӯҳои Русия инчунин ба анборҳои дастгоҳҳои бесарнишин дар ғарби Украина зарба заданд.
Шаби ҷумъа расонаҳои маҳаллӣ аз таркишҳо дар якчанд шаҳрҳо хабар доданд. Вазорати энергетика хабар дод, ки дар баъзе минтақаҳо қатъи фаврии барқ ҷорӣ шудааст.
Максим Козитский, раиси маъмурияти низомии маҳаллӣ, аз хисорот ба як иншооти энергетикӣ дар вилояти Лвов хабар дод.
Дар посух ба ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, артиши Русия танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноати дифоъии Украина бо силоҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба мезанад.