Тоҷикистону Толибон* хоҳони ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳи гуфтугӯ шуданд

Намояндагони ҳукумати Толибон* ва ҳайати Тоҷикистони дар як дидор бар таҳкиму суботи марзҳои муштарак ва ҳамчунин густариши ҳамкории амниятӣ таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар идомаи сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Кобул, Нурулло Нурӣ вазири умури марзҳо, ақвому қабоили Толибон* ва Мирзода Абдулвоҳид муовини аввали неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар дидории муштарак бар тақвияти субот дар марзҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва инсон таъкид карданд.
Тавре хабаргузории "Тасним" хабар додааст, ду тараф дар бораи маҷмуъае аз масоили муҳим аз ҷумлаи вазъияти амниятии марз, густариши равобити дуҷониба, мушкилоти мавҷуд дар имтидоди марз ва раванди тасбиту сомондиҳии марзи муштарак табодули назар кардаанд.
Муллои Нурулло Нурӣ аз гомҳои мусбати Афғонистону Тоҷикистон дар равобити дуҷониба изҳори хурсандӣ кард ва гуфт Аморати Исломӣ дар талош аст бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсоягони шимолӣ, равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва дӯстона барқарор кунад.
Вай таъкид кард, ки ҳукумати Толибон* ба таври ҷаддӣ бо қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон муқобила мекунад ва дар ин замина фармонҳои мушаххасе аз сӯйи раҳбарии ин гурӯҳ содир шудааст.
Ин мақоми ҳукумати Толибон* афзуд, ки суботу истеҳкоми марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистони нақшии калидӣ дар таъмини амнияти ҳар ду кишвар хоҳад дошт ва ҳамкории наздики ниҳодҳои марзӣ метавонад аз бисёре аз таҳдидҳои муштарак ҷилавгирӣ кунад.
Таъомули сиёсӣ – амниятӣ меҳвари сафари ҳайати 14 нафарии Тоҷикистон ба Кобул
Мирзода Абдулвоҳид низ бо ишора ба иштирокоти забонӣ, динӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар, гуфт мардуми Афғонистону Тоҷикистони хоҳони амният ва оромишанд ва Душанбе мутааҳид аст равобити иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соири ҳавзаҳоро бо Кобул густариш диҳад.
Вай иброз умедворӣ кард, ки мушкилоти мавҷуда ва хтилофоти дар марз миёни ду кишвар аз роҳи тафоҳуму гуфтугӯ ҳал шавад ва таъкид кард, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои амниятӣ ва марзиро бо тарафи афғон идома диҳад ва тақвият кунад.
Ин дидори бахше аз сафари як ҳайати 14 нафарии баландпояи Тоҷикистон ба Кобул аст, ки шомили мақомҳои амниятӣ, марзӣ, вазорати хориҷа ва масъулони маҳаллии ин кишвар мешавад.
Сафаре, ки коршиносон онро нишонае аз гармтар шудани тадриҷии каналҳои сиёсӣ ва амниятӣ миёни Душанбе Кобул пас аз солҳо сардӣ ва эҳтиёт арзёбӣ мекунанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.