Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо: Наздикони Зеленский ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки Ермакро аз кор ронад

Доираи наздикони Зеленский ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки Ермак раҳбари дастгоҳашро дар робита ба моҷарои фасод аз мақомаш барканор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Нашрияи “Украинская правда" хабар медиҳад, ки атрофиёни Владимир Зеленский ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки дар пасманзари моҷарои коррупсионӣ, роҳбари дафтари худ Андрей Ермакро аз кор ронад.
Ба гуфтаи рӯзнома, дар тӯли ҳафтаи гузашта раҳбари режими Киев як қатор мулоқотҳоро барои таҳияи роҳи ҳалле, ки пас ошкори тафтишот дар бораи коррупсия дар бахши энергетикӣ анҷом дод.
Барои ин, ӯ бо сарвазир Юлия Свириденко, муовини аввали сарвазир Михаил Федоров ва сардори Раёсати асосии иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов* сӯҳбат кардааст.
"Афроде, ки бо ин вазъ ошно ҳастанд, ба "Украинская правда" мегӯянд, аксари онҳое, ки бо Зеленский мусоҳиба карданд, барои ҳалли бӯҳрон тавсияҳои гуногун доданд. Аммо қариб ҳама, бе розигии пешакӣ, маслиҳат доданд, ки Андрей Ермакро аз кор ронад", - қайд кард нашрия бо истинод ба манбаъҳо.
Зеленский нақшаи ҳамла ба Русияро дорад
Ба гуфтаи намояндаи баландпояи фраксияи "Хизматгори мардум", ҳисоб кардани шумораи одамоне, ки дар Рада истеъфои роҳбари ин идораро талаб намекунанд, осонтар аст.
"Албатта, шантажи мустақим вуҷуд надорад, аммо агар ин тавр нашавад, фраксия худ аз худ аз ин иқдом даст мекашад", - қайд кардааст"Украинская правда".
Дар мақола гуфта мешавад, ки намояндагони фраксия "эътилофи ҳалкунанда"-ро ташкил кардаанд, ки таҳдид мекунад, ки агар Ермак аз кор ронда нашавад, фраксияро тарк мекунанд.
* Ба рӯйхати экстремистҳо ва террористони Росфинмониторинг дохил карда шудааст.