ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Сочии Русия барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ бо Муовини якуми Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия - Котиби Шӯрои генералии Ҳизби "Русияи Воҳид" Владимир Якушев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳизби "Русияи Воҳид" хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҲХДТ ва Ҳизби "Русияи воҳид" дар доираи Созишномае, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия амал мекунад, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Зикр гардидиааст, ки ҷонибҳо аз раванди ҳамкориҳо қаноатмандӣ баён дошта бо дарназардошти бахшҳои нави ҳамкорӣ, омодагии хешро барои имзои санади нав иброз намуданд.
Ҳамзамон дар ин дидор маросими имзои "Протокол оид ба вусъати ҳамкориҳои гуногунҷабҳа" байни ҲХДТ ва Ҳизби "Русияи воҳид" баргузор шуд.
Санади мазкурро Маликшо Неъматзода ва Владимир Якушев ба имзо расониданд.
Протокол аз лаҳзаи имзо ҳукми қонунӣ гирифта, давраи солҳои 2026 - 2028 ро дар бар мегирад.
Дар санади нави ҳамкорӣ дар баробари машваратҳои сиёсии байниҳизбӣ ва иштирок дар форумҳову конфронсҳои ҳамдигарӣ, фаъолнокии ҳамкориҳо байни ташкилотҳои ҳизбии ҷавонон, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.