ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консулҳои нави генералиро дар Русия ба вазифаҳо таъйин кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Ҳамин тавр, Зарина Исмоилзода консули нави генералӣ дар Новосибирск таъйин шуд. Ғоиб Холназар бошад, дар Екатеринбург ба ҳамин вазифа таъйин гардид.
Фаридун Файзуллозода вазифаи консули генералӣ дар Уфаро ба ӯҳда гирифт.
Ба ҳамин вазифа дар Санкт-Петербург, Хуршед Шералӣ таъйин шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки президенти Тоҷикистон қаблан тағйироти кадриро дар Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо анҷом дода буд.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод таъйин шуд.
Завқӣ Завқизода - вазири пешини рушди иқтисод, сафир дар Иёлоти Муттаҳида таъйин гардид.