ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд парвоз кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки раҳбари Тоҷикистон барои ширкат дар чорабинии байналмилалӣ ба пойтахти Ӯзбекистон сафар кардааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард.
Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе раисони палатаҳои парлумон, сарвазир, муовини аввали роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Раҳбари Тоҷикистонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент дар умури хориҷӣ ва иқтисодӣ, котиби Шӯрои амният ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Тошканд, рӯзҳои 15-16 ноябр мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ президентҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин Каха Имнадзе, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, иштирок хоҳанд кард.