Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лаҳистон кумакҳои иҷтимоӣ ба гурезагони украиниро лағв мекунад

Президент изҳор дошт, ки кӯмак ба гурезагони украинӣ танҳо барои як сол тамдид карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Лаҳистон ба гурезагони украинӣ танҳо як соли дигар кумак карданист.
Инро президент Карол Навротский зимни мулоқот бо интихобкунандагон эълон кард.
"Ман бори охир қонун дар бораи кумак ба украиниҳоро имзо кардам. Ман боварӣ дорам, ки аллакай дар соли сеюми оғози ҷанг, ақаллияти украинӣ дар Лаҳистон бояд бо ҳамаи дигар ақаллиятҳои миллӣ баробар карда шавад", - гуфт ӯ.
Навротский ба наздикӣ қонунеро, имзо кард ки додани кумакҳои иҷтимоӣ ба украиниҳо ва нигоҳубини тиббиро лағв мекунад.
Ин пеш аз ҳама ба пардохти моҳонаи 800 злотӣ (тақрибан 2000 сомонӣ) барои як кӯдак дахл дорад. Сипас ӯ қонуни дигареро, имзо кард, ки хориҷиёни бекорро аз кумакҳои иҷтимоӣ маҳрум мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мушовири собиқи Трамп мегӯяд, Украина ҷангро бохт
"Умедворам, ки ҳукумат аллакай дар бораи роҳҳои ҳалли масъалаҳое кор мекунад, ки ҳам некӯаҳволии мо ва ҳам вуҷуди муқаррарии шаҳрвандони Украинаро дар кишвари мо таъмин мекунанд", - хулоса кард президенти Лаҳистон.
Тибқи иттилои манбаъҳои гуногун, тақрибан 1,5 млн шаҳрванди Украина дар Лаҳистон зиндагӣ мекунанд.