ДУШАНБЕ, 14 ноя - Sputnik. Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенка зимни суҳбат бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик тавсиф кард.
Раисиҷумҳур меҳмонро ба Тоҷикистон хушомадед гуфта, ба ӯ будубоши гувороро таманно намуд. Дар навбати худ Матвиенко аз фазои гарми Тоҷикистон гуфт.
"Муҳим ин аст, ки мо худро дар фазои гарму дӯстона дарёфтем. Меҳмоннавозии Тоҷикистон ҳадду канор надорад", - гуфт Матвиенко.
Ӯ ҳамчунин ба кишвардори Тоҷикистон барои фурсати суҳбат ва ташкили нишасти Комисиияи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳори сипос карда ба раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баҳои баланд дод.
"Имсол Тоҷикистон раёсати ИДМ - ро бар дӯш дошт ва тибқи арзёбӣ ин раёсат аз ҳама ҷиҳат бомуваффақият буд", - гуфт Матвиенко.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, ҳамчунин аз сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон ёдоварӣ карду саломи кишвардори Русияро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.
Дар вохӯрӣ, масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ шуд.