ДУШАНБЕ, 14 ноя - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенка мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардидааст.
Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ кардааст.
"Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардидааст.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, аз натиҷаҳои сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқоти сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ кардаанд.