ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон аз қонуни намунавӣ барои мубориза алайҳи қочоқи инсон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пуштибонӣ карданд.
Ин қарор дар ҳошияи Маҷлиси байнипарлумонии ИДМ дар Душанбе қабул шуд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Иштирокчиёни ҷаласа қайд карданд, ки кишварҳои Иттиҳод аллакай лоиҳаи ҳуқуқиро барои он таҳия кардаанд.
"Ҳамгироии иҷтимоӣ ва барқарорсозӣ муҳимтарин роҳи таъмини устувории дарозмуддати раванди ҳимоя мебошанд", - таъкид карданд иштирокчиён.
Лоиҳаи табобати қурбониён, ки бар пояи принсипҳои ҳуқуқи инсон асос ёфтааст, аз ҷониби Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дастгирӣ ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки ҳайати вакилони парлумони Русия як рӯз пеш ба Душанбе омад.
Ҷаласаи тирамоҳии Маҷлиси байнипарлумонии ИДМ рӯзҳои 13-14 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.