ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Корхонаҳои заршӯии Афғонистон дар қаламравҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон шуруъ аз муҳити зист то амнияти минтақаиро ба чолиш кашидаанд.
Даҳҳо ширкати таҳҷоиву хориҷӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳу тоҷирони алоҳида дар имтидоди марзи Афғонистон бо Тоҷикистон машғул ба заршӯиянд, ки яке аз сабаби аслии тирандозиҳо миёни марзбонони ду кишвар мешавад.
Дасти кам ду сол ба ин сӯ ширкатҳои тилокорӣ бо интиқоли ҳазорон техникаи корӣ, аз қабили экскватор, мошинҳои боркаш, тракторҳо ва дастгоҳҳои заршӯӣ дар вулусволиҳои марзии вилоятҳои Тахору Бадахшони Афғонистон як “қиёмати тилоӣ” – ро ба по кардаанд.
Ба гуфтаи сокинони маҳал, заршӯӣ дар ин минтақа аз даврони қадим вуҷуд дошт, аммо дар ду соли ахир ба таври бесобиқа авҷ гирифта, минтақаро ба як майдони бузурги набарди техникаву табиат табдил додааст.
Тақрибан 5 ширкати чинӣ, ду ширкати туркӣ, ҳудуди 30 ширкати Ҳоҷӣ Башир Нурзай, қочоқбари маъруфи Афғонистон ва чандин ширкати Файсал Хуросонӣ, аз тоҷирони маъруфи Бадахшони Афғонистон, дар умум беш аз 100 ширкати хурду бузург манобеъи тилои минтақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Ширкатҳо дар қаламрави вулусволии Чаҳоби вилояти Тахор, вулусволии Шаҳри Бузург ва рустои Хоҳони вулусволии Роғистони вилояти Бадахшон, ки ҳамагӣ бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарзанд, кор мекунанд.
Бино ба гуфтаи манобеи Sputnik Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ тилоро ба кишварҳои худ интиқол медиҳанд, аммо тоҷирону ширкатҳои маҳаллӣ онро ба бозорҳои Кундуз, Тахор ва Кобул арза медоранд.
Ба ҳисобҳое, ки дар Афғонистон роиҷ аст, як мисқол (воҳиди маҳаллии ченкунии тилло, 4,5 то 5 грам) тило ба 40 ҳаз. баробар аст. Дар ҳоле, ки 70 афғонӣ баробари 1 доллар аст, зимни фурӯш метавон 571 доллар ба даст овард.
Дар баробари ин, бино ба иттилои манбаъи Sputnik Тоҷикистон, фақат дар қарияи Овез, ки аз ҳама бештар “ошиқони тило” – ро ҷалб кардааст, рӯзона ба таври мутавассит то 100 кило тило ба даст меояд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки чаро истихроҷи тилло дар Бадашон дар чанд соли охир чунин рушд кардааст ва ин ба минтақа чӣ таъсире мерасонад.
"Асри тиллоӣ" -и Бадахшон
Чунончи яке аз бузургони рустои Овез Муҳаммад Шариф (исми мустаорӣ) мегӯяд, аксарияти кулли ширкатҳо аз берун омада, таҳти ҳимояти фармондеҳи ситоди кулли артиши "Толибон" қарор доранд.
“Инҳо аслан мардуми вилоятҳои паштуннишини ҷануб – Қандаҳору Ҳилманд ва Пактиёву Пактикову Нангарҳоранд, ки ба минтақа омада, кор мекунанд. Теъдоди онҳо ба беш аз ҳазор нафар расидааст”, - гуфт Муҳаммад Шариф.
Вай афзуд, ду ширкати туркӣ, ки аз сӯи ҷангиёни толиб муҳофизат мешаванд, дар вулусволии Чаҳоб фаъолият доранд, аммо теъдоди ширкатҳо ва ҳам шаҳрвандони чинӣ хеле зиёд аст.
"Онҳоро низ ҷангиёни толиб муҳофизат мекунанд. Майдонҳои кори чиниҳо пурра печонида шуда, таҳти назорати шадид қарор доранд ва афроди маҳаллӣ иҷозаи вуруд ба онҳоро надоранд”, - гуфт Муҳаммад Шариф.
Қарори Толибон дар бораи сафарбар кардани кормандон барои ҳифзи тиллокорони хориҷӣ тасодуфӣ нест. Моҳи январи соли равон як шаҳрванди Чин дар роҳи вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор кушта шуд, ки ДОИШ** масъулияти онро ба дӯш гирифт.
Моҳи ноябри соли гузашта афроди мусаллаҳ ба утоқи коргарони чинӣ дар як корхонаи тило дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ворид шуда, як нафарр ба ҳалокат расонданд ва чаҳор нафари дигар, ба шумули як шаҳрванди Тоҷикистонро захмӣ карданд. Ин гуруҳ пас аз ҳамла ба Афғонистон паноҳ бурд ва то ҳол дастгир нашудааст.
"Ба кӣ кабоб, ба кӣ дуди кабоб"
“Табларзаи тилоӣ” шароити ҷадидеро барои рустоҳои марзӣ халқ кардааст. Ба қавли сокини рустои Понимур Муҳаммад Зокир тилокорон, бахусус, чиниҳо заминҳои мардуми маҳаллиро харида ё иҷора гирифта, майдонҳои нави тилоро боз мекунанд.
“Як ҳавлие, ки ним сол пеш ҳатто 10 лак (1 лак = 100 ҳазор) афғонӣ арзиш надошт, ҳоло аз 350 то 600 лак фурӯхта мешавад. Соҳибони ҳавлӣ ба ҷуз ин бо ширкатҳо қарордод баста, аз тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ низ саҳм мегиранд. Масалан, 30 ба 70 ё 40 ба 60, вобаста аз захираҳои тилои хонааш. Мо нав хабар ёфтем, ки дар болои тило зиндагӣ мекардаем. Бархе одамон дар шаҳрҳо чандин утоқ харидорӣ карда, ҳатто ду то се зан гирифтанд”, - гуфт Муҳаммад Зокир.
Дар ҳамин ҳол, огаҳони ҳол мегӯянд, афзойиши корхонаҳои тило ва дар пайи он тавлиди тило ба миллионҳо доллар дар қаламравҳои марзӣ зиндагии аксарияти мардуми одиро чандон тағйир надода, мушкили бекорӣ низ ҳалли худро пайдо накардааст.
Сокинони рустои Овез Ҳоҷӣ Сайид мегӯяд, ширкатҳо, ҳатто хориҷиҳо, асосан бо афроди худ, ки умдатан паштунҳои ҷанубанд, меоянд ва ба ҷавонони маҳал ба ҷуз корҳои сангин, аз ҷумла кандани ғорҳо ва кашондани сангу хок бо китф ва дигар шуғлҳои кампардохт, кори дигаре намерасад.
“Як ҳафта тунел (нақб) меканад, 3 – 4 ҳазор афғонӣ ба даст меорад ва аслан хабар надорад, ки соҳиби кор чӣ қадар фоида мебинад. Дар умум, коргарони маҳаллӣ хуб кор кунанд то 200 – 300 афғонӣ дар рӯз ба даст меоранд”, - гуфт Ҳоҷӣ Сайид.
Соли гузашта аз кори тилокорон ба буҷаи вилоят 900 млн доллар ворид шудааст.
Бино ба ҳисоботи коршинос Башир Аҳмад Садид, рӯзона фақат дар тилокориҳои марзӣ, бино ба бархе ҳисобҳо, ба ҳудуди 60 млн доллар тило истихроҷ мешавад.
Аммо, ба гуфтаи як манбаи Sputnik Тоҷикистон, гарчанде ки ин нисбат ба давраи режими кӯҳна хеле баландтар аст, аммо то ҳол ба ҳаёти мардуми оддӣ таъсир нарасонидааст. Бадахшон дар Афғонистон аз ҷиҳати захираҳои зеризаминии худ беҳамто аст. Илова бар тилло, дар ин вилоят солҳо боз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои нодир, аз қабили ёқут, лозурит ва платина истихроҷ карда мешаванд, аммо тамоми фоида ба ҷайби фурӯшандагон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ меравад.
“Манобеъи табиии Бадахшон дар асл чӯру чаповул шуда равон аст. Мардум ба истихроҷ роҳ надоранд, чун зарфият надоранд. Ширкатҳои дохиливу хориҷӣ аз ҳукумат иҷоза мегирад ва дигар назди касе посухгӯ нестанд. Ягон ниҳоди расмӣ ҳам вуҷуд надорад, ки онҳоро, даромадҳои онҳоро контрол кунад ва ҳаққи буҷаву мардумро биситонад. Мардум на саҳм дорад, на овоз. Агар садо баланд кард, зуд саркӯб мешавад”, - гуфт Башир Аҳмад Садид.
Аз рӯзе, ки аввалин ширкатҳои чинӣ дар минтақа пайдо шуданд, то ба ҳол даҳҳо маротиба мардум ва ҳатто толибони маҳаллӣ аз чунин вазъ шикоят ва ҳам гоҳе даст ба тазоҳуроту даргирӣ задаанд, аммо то ҳол чизе тағйир наёфтааст.
Ба қавли коршинос, истихроҷи манобеъи тило дар минтақа заминҳои зироатиро ба регзорҳои бойир мубаддал сохтааст, ки дар дарозмуддат ба яке аз чолишҳои ҷаддии муҳити зист мубаддал мешавад, чолише, ки ҳеҷ кас қодир нахоҳад буд онро ба осонӣ маҳор намояд.
Тило ва марз
Дар ҳамин ҳол, "табларзаи тилоӣ" дар вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дардисарҳои ҷадиде барои марзбонони тоҷик халқ карда, то ба ҳол чандин маротиба миёни ду соҳил тирандозиҳо сурат гирифтааст.
Тибқи созишномаҳое, ки ҳанӯз аз замони Довудхон дар Афғонистон, солҳои 70-уми асри гузашта, марзи миёни ду кишвар аз миёнаи дарё таъйин мешавад, аммо вазоҳат дода нашудааст, ки агар дарё ба ин ё он тараф кӯч кунад, он гоҳ чӣ хоҳад буд.
Коршиносон мегӯянд, воқеан, дарёи Панҷ (ки дар нуқтаи васл бо дарёи Вахш Амударё ном мегирад), ин ҳама солҳо бештар ба самти Афғонистон кӯч карда, ҷазираҳои дарёиро ба вуҷуд овардааст ва ин ҷазираҳо ҳамеша мавриди баҳси ҷонибҳо будаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои тилокорон дар марзи Тоҷикистон, ки баъзан ҳатто онро убур мекунанд, паҳн мешаванд. Ҳатто роҳбарияти Хадамоти марзии Тоҷикистон гӯё борҳо ба мақомоти Афғонистон дар бораи чунин ҳодисаҳо муроҷиат кардааст.
Душанбеи расмӣ дар бораи ин вазъият дар минтақаи марзӣ бо ҷумҳурии ҳамсоя чизе нагуфтааст. Аммо, маълум аст, ки дар тарафи Тоҷикистон корҳои мустаҳкам кардани соҳили дарё гузаронида мешавад, ки дар омади гап, метавонад ба ҷараёни дарёи Панҷ ба сӯи Афғонистон низ таъсир расонад.