Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия даҳ кӯшиши ҳавопаймоҳои Украинаро пешгирӣ карданд

Дар рафти пешгирӣ аз ҳамлаҳо то 30 сарбози украинӣ ва шаш мошини зиреҳпӯши ҷангӣ нобуд карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Нерӯҳои Русия даҳ ҳамлаи полки "Скала"-и артиши Украинаро аз деҳаи Гришинои Ҷумҳурии Халқии Донетск (ҶХД), ки барои раҳо кардани гурӯҳи муҳосираи Украина дар Красноармейск равона шуда буд, пешгирӣ карданд.
Дар ин бора, Вазорати дифои Русия хабар дод.

"Даҳ ҳамлаи полки 425-уми "Скала"-и нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз деҳаи Гришинои Ҷумҳурии Халқии Донетск пешгирӣ карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат афзуд, ки ҳангоми бозгардонидани ҳамлаҳо то 30 сарбози украинӣ ва шаш мошини зиреҳпӯши ҷангӣ нобуд карда шуданд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои Русия дар давоми 24 соати охир 19 киштии бесарнишин ва се киштии буксирро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кличко норасоии сарбозонро дар Украина эътироф кард
Дар давоми 24 соати охир дар самти Красноармейск беш аз 229 ҷангии украинӣ низ нобуд карда шуданд.
Аз оғози амалиёти махсуси низомӣ то кунун: 668 ҳавопаймо, 283 чархбол, 96,284 ҳавопаймои бесарнишин, 636 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 26,000 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1,611 системаи мушакии партоби бисёрҷониба, 31,274 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ ва 46,560 мошини махсуси низомӣ, нобуд карда шудаанд.