ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Ҳайати вакилони парлумони Русия дар ҷаласаи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ширкат мекунад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти палатаи болоии парлумони Русия, ин чорабинӣ рӯзҳои 13-14 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, ки инчунин раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мебошад, ҳайати вакилонро роҳбарӣ хоҳад кард.
Барномаи сафари ӯ, дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблея, суханронӣ дар ҷаласаи 59-уми пленарӣ ва як қатор вохӯриҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.
Дар ҷаласа интихоби раиси Шӯрои Парлумони ИДМ ва тасдиқи роҳбарони кумитаҳои доимӣ дар назар дошта шудааст.
Иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарони парлумонҳои кишварҳои Иттиҳод, натиҷаҳои раёсати Тоҷикистонро дар ИДМ ҷамъбаст мекунанд ва нақшаи дарозмуддати қонунгузории намунавӣ барои солҳои 2026-2028-ро баррасӣ менамоянд.