Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 10,2% афзоиш ёфт

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё натиҷаҳои тиҷоратиро барои нӯҳ моҳи аввали соли 2025 ҷамъбаст кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 10,2% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИА) хабар додааст.
Аз моҳи январ то сентябр, Қирғизистон сатҳи баландтарини афзоишро нишон дод, ки ба 14,1% баробар шудааст.
Пасон:
Русия - 12,4%;
Белорус - 9,9%;
Арманистон - 4,9%.
Қазоқистон бошад, 3% коҳишро нишон дод.
Аз рӯи нархҳо аз рӯи намуди маҳсулот, истеҳсоли зироатҳо 13,5% ва истеҳсоли чорво 8,2% афзоиш ёфт.
Динамикаи нархҳо дар моҳи сентябри соли 2025 нисбат ба моҳи сентябри соли 2024 афзоиши 8,9% -ро нишон дод. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2025, нархҳо 1% афзоиш ёфтанд.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ИИАО мехоҳанд дар соҳаи кишваорзӣ равишҳои инноватсионӣ ҷорӣ намоянд.
Ба гуфтаи вазорати кишоварзии Русия, ин навгонӣ барои Конгресси агросаноатии АвруОсиё, ки соли 2026 пешбинӣ шудааст, ба нақша гирифта шудааст.