Тоҷикистону Эронро хатсайрҳои нави ҳавоӣ мепайвандад: оғози парвозҳо

Феълан ширкати "Сомон Эйр" -и Тоҷикистон ва "Вориш Эйрлайнз" -и Эрон парвозҳоро анҷом медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Шаҳрҳои Тоҷикистон ва Эронро хатсайрҳои нави ҳавоӣ ба ҳам хоҳанд пайваст.
Ҳамин тавр, аз 19 ноябри соли 2025 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Раймонд Эйрлайнз" парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ҳафтае ду маротиба оғоз мегарданд.
Ҳамчунин, аз 28 ноябр парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии "Киш Эйрлайнз" дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора, зимни мулоқоти мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Эрон Ҳусейн Пурфарзона маълум гардидааст.
Ҷонибҳо дар мулоқот, густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои навро баррасӣ кардаанд.
Дар Душанбе намоишгоҳи муштараки бузурги Эрону Тоҷикистон оғоз ёфт.
Назарзода зимни суҳбат таъкид кардааст, ки дар доираи татбиқи сиёсати "Осмони боз", барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40% тахфиф пешбинӣ шудааст.
"Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионӣ роҳандозӣ гардидааст", - омадааст дар хабарномаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Айни ҳол байни ду кишвар аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" ва ширкати ҳавопаймоии эронии "Вориш Эйрлайнз" парвозҳоро анҷом медиҳанд.