Тотористон ва Бошқирдистони Русия омодаи қабули сайёҳони Тоҷикистон ҳастанд

Ахиран дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳои Бошқирдистон ва Тотористон ҳамчун маконҳои сайёҳӣ барои гардишгарони Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мудири ширкати Profi.Travel Алексей Венгин гуфт, ки ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ба Русия аҳамияти зиёд доранд.
Ба гуфтаи вай ширкатҳои тоҷикистонӣ, пеш аз ҳама ба минтақаҳои Русия, ки зерсохтори рушдёфтаи осоишгоҳӣ ва истироҳатӣ доранд ва анъанаҳои муҳим барои сайёҳони мусалмон (хӯроки ҳалол, толорҳои намоз ва ғайра) риоя менамоянд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд.
Мудири ширкати Profi.Travel Алексей Венгин дар нишасти мизи мудаввар, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, имкониятҳои Бошқирдистон ва Тотористон ҳамчун маконҳои сайёҳӣ барои гардишгарони Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
"Сайёҳони Тоҷикистон ба Маскав ва Санкт-Петербург таваҷҷӯҳ доранд, аммо онҳо дар бораи дигар минтақаҳои Русия кам медонанд. Дар мизи мудаввар ширкатҳои русӣ имкониятҳои сайёҳии на танҳо пойтахтҳо, балки Мурманск, Қазон ва кӯли Байкалро низ муаррифӣ карданд — барномаҳо таваҷҷӯҳи зиёдро дар байни мутахассисони Тоҷикистон ба бор оварданд. Имконияти рушд дар ин ҷо возеҳ аст", — қайд кард ӯ.
Душанбе ва ҷазираи Киши Эрон ҳамкориҳоро дар бахши гардишгарӣ ва табодули таҷриба миёни ширкатҳои сайёҳӣ густариш хоҳанд дод.
Вай инчунин илова кард, ки монеаҳои асосӣ арзиши баланди чиптаи ҳавопаймо (тақрибан 50 ҳазор рубл) ва огоҳ набудани кишварҳо аз имкониятҳои сайёҳии якдигар мебошанд.
"Ман таваҷҷӯҳи бузурги мутақобилаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва Тоҷикистонро мушоҳида кардам. Онҳо ба таври возеҳ имкониятҳои бузурги рушдро дар ин соҳаҳо мебинанд. Ва акнун онҳо ҳама имкониятҳоро барои амалӣ кардани ин имконият доранд", — хулоса кард Алексей Венгин.
Вай илова кард, ки ҳоло ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон робитаҳои тиҷорӣ барқарор кардаанд, ки метавонанд барои рушди гардиши сайёҳон байни Русия ва Тоҷикистон мусоидат кунанд.