Таъкиди Тоҷикистону Ироқ бар ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм

Тоҷикистону Ироқ бар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муштарак дар заминаи мубориза бо тероризму афротгроиӣ, табодули таҷрибаҳо ва иттилоот таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Юсуф Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо Қосим Алоарҷӣ , мушовири амнияти миллии Ироқ дар Бағдод дидору гуфтугӯ кард.
Бар асоси баёнияи дафтари итилоърасонии мушовири амнияти миллии Ироқ, дар ин дидор дар бораи равобити дуҷонибаи Ироқу Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ройзан шуд.
Ҳамчунин тарафҳо масъалаи бозгардондани атбоъи тоҷик аз урдугоҳи Алҳул ҳамоҳангӣ дар бораи талошҳои инсонӣ ва амниятии ҷорӣ барои поён додан ба ранҷҳои хониводаҳои муқими ин урдӯгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Алоарҷӣ дар ин дидор ба таҷрибаи Ироқ дар бозгардондани хониводаҳои ироқӣ аз урдӯгоҳҳоу бозпарварӣ ва идғоми онҳо ба ҷомеъа барои омода карданашон ба манзури бозгашт ба маҳали зиндагии аслишон ишора кард ва гуфт, ки ин таҷриба муваффақияти худ дар тақвияти суботи иҷтимоӣ ва коҳиши фурсатҳои бозгашт ба ифротгроиро собит кардааст.
Юсуф Раҳмон бо президенти Ироқ баргардонидани тоҷиконро баррасӣ кард
Ду тараф ҳамчунин бар аҳамияти тадовуми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муштарак миёни Ироқу Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо тероризму ифротгроӣ, табодули таҷрибаҳо ва иттилоот, ки муҷиби тақвияти амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ мешавад, таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Юсуф Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо раисҷумҳури Ироқ дидор кард ва дар он ба масъалаи бозгардонидани атбоъи тоҷик аз урдугоҳи Алҳул таваҷҷуҳи хос дода шуд.