ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Олмон даҳҳо танкҳои Leopard 2A6-ро, ки қаблан барои артиши Украина, сохта шуда буданд ва Киев аз онҳо даст кашид, ба Бразилия барои фурӯш пешниҳод мегардан, иттиллоъ додааст портали бразилии Technologia&Defensa, дар истинод ба манбаъҳо дар артиш хабар додааст.
"Ҳукумати Олмон 65 танки Leopard 2A6, инчунин 78 мошини зиреҳпӯши Marder 1A5-ро, ки аз захираҳои стратегии артиши Олмон ҷудо ва аз ҷониби ширкати KNDS таъмир карда шудаанд, ба Бразилия пешниҳод кардаанд", - қайд кардааст манбаъ.
Ба гуфтаи нашрия, пас аз интиқоли тонкҳо ба Украина, 68 танки дигар фарсудашуда Леопард дар анборҳои Олмон боқӣ монда буд ва имкони навсозии онҳоро надоштанд.
Ба гуфтаи T&D, режими Киев аз онҳо даст кашид, аммо тасдиқи расмии ин вуҷуд надорад.
Русия бар он аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли сулҳомезӣ масъала халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ мекашад, ки мақомоти Русия онро "бозӣ бо оташ" медонад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки таъмини силоҳи Ғарб ба Украина барои музокирот халал расонда, таъсири манфӣ хоҳад дошт.