ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Сарвазири Словакия Роберт Фитсо изҳор дошт, то даме, ки ӯ раиси ҳукумат боқӣ мемонад, кишвар аз идеяи Иттиҳоди Аврупо дар бораи истифодаи дороиҳои Русия барои пӯшонидани хароҷоти низомии Украина пуштибонӣ нахоҳад кард.
"То он даме, ки ман сарвазир ҳастам, Словакия дар ягон механизми ҳуқуқӣ ё молиявӣ, ки барои мусодираи дороиҳои яхкардашуда ва истифодаи онҳо барои хароҷоти низомӣ дар Украина равона шудааст, ширкат нахоҳад кард", - гуфт Фитсо дар барномаи "Saturday Dialogues".
Авохири моҳи октябр Фитсо изҳор дошт, ки нақшаи Иттиҳоди Аврупо барои истифодаи дороиҳои Русия барои Украина метавонад ноком шавад, зеро он хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла чораҳои ҷавобӣ аз ҷониби Русия, вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ ва даъвоҳои Русияро ба бор меорад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия борҳо яхбандии дороиҳои Русияро дар Аврупо дуздӣ номида, қайд кардааст, ки ИА на танҳо маблағҳои хусусӣ, балки дороиҳои давлатии Русияро низ ҳадаф қарор медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Маскав ба мусодираи дороиҳои яхбастаи Русия аз ҷониби Ғарб посух хоҳад дод.
Ӯ афзуд, ки Русия низ метавонад, маблағҳои кишварҳои Ғарбро, ки дар Русия нигоҳ дошат мешаванд, барнагардонад.