Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Орбан талошҳои Трампро барои ҳалли вазъи Украина аъло хонд

Орбан гуфт, Трамп барои ҳалли вазъи Украина талошҳои бузурге ба харҷ медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, бар ин назар аст, ки президенти ИМА Доналд Трамп барои ҳалли низои Украина талошҳои "аъло" анҷом медиҳад.
"Президент (Трамп - шарҳ аз идора) талошҳои бузурги сулҳҷӯёна анҷом медиҳад, онҳо барои қитъаи Аврупо ва тамоми мардуми Аврупо аъло ва хеле мусбатанд".
Дар ин бора, Орбан зимни нишасти матбуотии муштарак бо президенти ИМА Доналд Трамп пеш аз оғози музокироти дуҷониба дар Кохи Сафед гуфт.
Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп имкони мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путинро дар Будапешт истисно накард.
Ӯ қайд кард, ки нақша дорад, бо сарвазири Маҷористон дар бораи низоъ дар Украина сӯҳбат мекунад.
Пештар президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфт, Қазоқистон метавонад майдони музокирот дар масъалаи Украина шавад. "Агар роҳбарони Русия ва Украина хоҳиши омадан ба Қазоқистонро дошта бошанд, мо тамоми хидматҳои заруриро барои таъмини анҷоми бомуваффақияти музокирот пешниҳод хоҳем кард", - гуфт президенти Қазоқистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи The New York Times.
Ёдовар мешавем, ки пештар Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки Киев ба Русия имкони мулоқот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Қазоқистонро пешниҳод кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Раҳбарони Аврупо дарк мекунанд, ки Украина шикаст хурд
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, дар посух гуфт, ки украиниҳо шумораи зиёди кишварҳоро номбар кардаанд, аз ҷумла вариантҳои комилан ғайри қобили қабул.
Вай ёдовар шуд, ки раиси режими Киев ба Маскав даъват шуда буд ва агар ба муколама омода бошад, пас чаро намеояд.