Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мегардад

Баргузории ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Душанберо Рустам Эмомалӣ ҳангоми сафари баҳориаш ба Санкт-Петербург пешниҳод карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласи мазкур 13-14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷаласа роҳбарону вакилони парламентҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамчунин дар ҳамоиш оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ мубодилаи афкор доир мегардад.
Рустами Эмомалӣ дар гуфтугӯ бо Валентина Матвиенко дар Маскав чиро баррасӣ кард?
Ёдовар мешавем, ки қабалан Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод карда буд, ки ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар навбати худ, Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ташаббуси ҷумҳурӣ, ки раёсати ИДМ-ро дар соли 2025 ба ӯҳда дорад, дар бораи баргузории ҷаласаи тирамоҳии Ассамблея дар Душанбе пуштибонӣ кард.