ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи Конститутсия таъкид кард, ки Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.
Вай таъкид кард, ки халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
“Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид”, - гуфт Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз тоҷикистонин хост ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳамеша саъю талош намоянд, ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба қадри неъмати бузурги зиндагӣ – озодиву истиқлол расанд ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди Тоҷикистон ва ободии Ватани сафарбар намоянд.
Вай илова кард, ки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад.
“Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд”, - гуфт раҳбари кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки бо риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем.
Дар паёмаш кишвардори Тоҷикистон ба хонадони ҳар сокин сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба кишвар устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу кард.