ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Ғарби дастаҷамъӣ омода аст шаҳрвандони худро бикушад, то ҷиноятҳои режими Киевро бар Русия нисбат диҳад ва кӯшишҳои худро барои барангехтани ҷанг сафед кунад, гуфт дафтари матбуоти Хадамоти иттилооти хориҷии Русия.
"Ғарби дастаҷамъӣ бори дигар омода аст, ки украиниҳо ва шаҳрвандони кишварҳои ғарбиро фиреб диҳад ва ҳатто кушад, то ҷиноятҳои режими Киевро бар Русия нисбат диҳад ва сиёсатҳои русбадбинӣ ва кӯшишҳои онро барои барангехтани ҷангро рӯйпуш кунанд", - гуфта шудааст дар изҳорот.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.