ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Инфиҷор дар кони ангишт воқеъ дар ноҳия Айнии вилояти Суғд, 6 коргари афғонистониро ба коми марг фиристодааст, хабар додааст “RoozPlus News” дар истинд ба манобеъи маҳалӣ дар Тоҷикистон.
Ба гуфта ин манбаъ, дар замони вуқуъи инфиҷор, 6 коргар дар дохили тунели машғули кор буданд, ки ҳамаи онон ҷон бохтаанд.
Қайд карда шудааст, ки аҷсоди қурбониён ҳануз аз зери овор берун оварда нашудааст ва амалиёти наҷот ҳамчунон идома дорад.
Манобеъ афзудаанд, ки 5 тан аз қурбониён аз бошандагони вилояти Дойкундӣ ва як нафар аз Шаҳристони вилоят Ғӯр ҳастанд.
Токунӯн ҳувияти дақиқи ин коргарон аз сӯии мақомҳои Тоҷикистони эълом нашудааст.
Ба гузориши ин манбаъ чанде пеш, низ ҳодисае мушобеҳ дар яке аз кони ангишти вилояти Суғд рух дод, ки дар он ҳашт коргари афғонистонӣ аз вилояти Дойкундӣ ҷони худро аз даст доданд.
Ба гуфта манобеи маҳаллӣ, садҳо тан аз шаҳрвандони Афғонистон дар кони ангишти Тоҷикистон машғули коранд.
Коршиносон таъкид доранд, ки набудани имкони шуғл дар дохили Афғонистон, бисёре аз ҷавононро водор сохтааст, то барои таъмени маишати хониводаҳояшон, роҳии кишварҳои ҳамсоя шаванд ва дар шароити душвору хатарнок кор кунанд.
Дар солҳои ахир, бо афзоиши бекорӣ ва рукуди иқтисодӣ дар Афғонистон, шумори зиёде аз коргарони афғон барои ёфтан шуғл ба кишварҳои Осиёи марказӣ , аз ҷумла Тоҷикистон, муҳоҷират кардаанд.
Бештари онон дар бахшҳои истихроҷи ангишт, сохтимонсозӣ ва корҳои фаслӣ машғуланд.
Қайд карда шудааст, ки танҳо дар соли гузашта, даст кам ду ҳодисаи маргбор дар маодини зуғол санги Тоҷикистон ҷон беш аз 14 коргари афғонро гирифтааст.