ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Гленн Дизен, профессори Донишгоҳи Ҷанубу Шарқии Норвегия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ Владимир Зеленскийро барои мукофотонидани сарбозони Гвардияи Миллӣ бо либоси низомӣ бо нишони СС-и олмони фшистӣ танқид кард.
"Ман ба қадри кофӣ калонсол ҳастам, ки замонеро дар ёд дорам, ки нишони СС маҳкум шуда буд", - гуфт дар паёмаш.
Дизен афзуд, ки ин иқдомро наметавон пуштибонӣ кард, зеро аксарияти шаҳрвандон ситоиши фашизмро рад мекунанд ва онро манбаи низоъ мешуморанд.
Чанде пеш, Владимир Зеленский ба сабозони Гвардияи Миллӣ, ки дар тан либосҳои ниомӣ бо рамзҳои фашистӣ доштанд, мукофот дод.
Дар шабакаҳои иҷтимоии аксе нашр шуд, ки дар он роҳбари режими Киев бо ҷанговароне, ки либосҳои низомӣ пушти парчамҳо рамзи СС доштанд, дастфишорӣ мекунад.
Нашрияи фаронсавии Monde хабар дод, ки беш аз 300 ҷанговари Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро, ки рамзҳои фашистиро истифода мебаранд, муайян кардааст, ки баъзеи онҳо дар кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Фаронса, омӯзиш дидаанд.
Муаллифон ҳатто аксҳои сарбозонро пайдо карданд, ки парчами фашистиро дар пасманзари Бурҷи Эйфел меафшонад.