ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки сарбозони украинӣ, ки дар минтақаи Купянск ба муҳосира уфтодаанд ва ба таслимшавӣ оғоз намуданд.
"Сарбозони украинӣ ба таслим шудан ба воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои Ғарб, ки дар амалиёти нобуд кардани воҳидҳои муҳосираи артиши Украина дар наздикии шаҳраки Купянск дар вилояти Харков иштирок мекунанд, идома медиҳанд", - қайд кардааст вазорати дифои Русия.
Яке аз маҳбусон, Роман Крутко, сарбози бригадаи 14-уми артиши Украина, гуфт, ки ӯ ва ҳамсилоҳонаш тасмим гирифтанд, таслим шаванд, зеро ин ягона имконияти наҷоти онҳо дар вазъияти ноумедонае буд, ки онҳо дар он қарор доштанд.
Ба гуфтаи Крутко, вазифаи ӯ дар Купянск ҳимояти яке аз хонаҳо буд.
"Аммо чӣ гуна ман метавонам онро ҳимоят кунам, ки ҳатто намедонистам, чӣ тавр шилик кунам. Ман сарбоз нестам ва ягон омӯзиш надорам", - гуфт ӯ.
Ӯ дар бораи вазъи вазнини сарбозони артиши Украина ва набудани лавозимоти кофӣ сӯҳбат кард.
"Ягон лавозимот боқӣ намонд... Ҳамаи гузаргоҳҳои дарёӣ аллакай таҳти назорати артиши Русия буд. Мо чанд рӯз дуруст хӯрок нахӯрдем ва нахобидем, зеро сарбозони рус аллакай дар тамоми шаҳр буданд. Лавозимоти ҷангӣ ва маводи ғизоии мо тамом шуданд. Баъд мо тасмим гирифтем, ки таслим шавем", - гуфт як сарбози асири артиши Украина.
26 октябр сардори Ситоди кулли артиши Русия Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин гузориш дод, ки гурӯҳи "Ғарб" гузаргоҳи дарёи Осколро забт карда, Купянскро, ки дар он ҷо тақрибан 5000 сарбози украинӣ ҷойгиранд, муҳосира кардааст.