ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон пули нави ҷашнӣ - 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
Дар ин бора, Бонки миллии тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки пули ҷадид, бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ба гардиш баровад шудааст.
"Бо қарори Раёсати БМТ дар асоси Қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз 30 октябри соли 2025 пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муносибати 25 - солагии пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Пулҳои коғазии ҷашнӣ дар қатори дигар пулҳо бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд, афзуд манбаъ.
Манбаъ афзуда, ки пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар буда, дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакатамон инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пули миллии сомонӣ 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баромад.
Пули миллии Тоҷикистон ба ифтихори поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст.