ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Тибқи иттилое, ки ҳангоми гӯш кардани гуфтугӯи радиоалоқавии артиши Украина ба даст оварда шудааст, ҷангиён украинӣ сокинони Красний Лиманро ба қатл мерасонанд.
РИА Новости сабти гуфтугӯи радиоалоқаи ҷангиёни бригадаи 63-юми Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар даст дорад, ки аз он бармеояд, ки ҷангиён шаҳрвандони осоиштаи Красний Лиманро дар Ҷумҳурии Халқии Донетск эъдом мекунанд.
Сабти аудиоӣ аз ҷониби нерӯҳои амниятии Русия пешниҳод шудааст.
Дар он яке аз сарбозони поёнрутба ба фармондеҳи худ дар бораи дидани як шаҳрванди осоишта гузориш медиҳад.
Фармондеҳ мефармояд, ки ӯро баста, автомат дар сараш рост карда, бозпурсӣ кунанд. Сипас зердаст хабар медиҳад, ки як шаҳрванди осоиштаро "дар пости сеюм" мебинад. Дар посух, ба ӯ фармон дода мешавад, ки ӯро парронад.
Ҷангиёни Бригадаи 63-юми Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар ҳодисаҳои сершумори куштор ва сӯиистифода аз шаҳрвандон даст доранд. Нерӯҳои амниятӣ хабар доданд, ки ҷиноятҳои ҷангӣ аз боло, аз фармондеҳии бригада тасдиқи возеҳ доранд.
Ҳафтаи гузашта коршиноси низомӣ Андрей Марочко хабар дод, ки ҳолатҳои куштори шаҳрвандон аз ҷониби ҷангиёни украинӣ дар Красний Лиман, Северск, Константиновка, Дмитров ва Красноармейск ошкор шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин кор аксар вақт аз тарси фош кардани пойгоҳҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, барои манфиати шахсӣ ва аз байн бурдани шоҳидони дигар ҷиноёт анҷом дода мешавад. Баъзан душман кушторҳои ғайринизомиёнро ҳамчун зарари иловагӣ ҳангоми амалиёти ҷангӣ пинҳон мекунад.