ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Киев намехоҳад ҷасадҳои сарбозони кушташудаи худро баргардонад.
Инро фиристодаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, ба РИА Новости баён дошт.
Ба гуфтаи Родион Мирошник, Русия омода аст шумораи зиёди ҷасадҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро супорад, аммо мақомоти Украина аз эътирофи ошкорои миқёси талафот метарсанд ва намехоҳанд ба оилаҳои фавтидагон ҷубронпулӣ диҳанд.
"Зеленский аз норавшан мондани масъала ва аз пардохт накардани маблағ ба оилаҳои фавтидагон барои сарфаи пул қаноатманд аст", - таъкид кард Мирошник.
Ба гуфтаи Мирошник, хоҳиши Киев барои бозпас гирифтани фавтидагон танҳо шифоҳӣ аст.
"Агар тарафи Украина ҳатто камтарин хоҳиш дошта бошад, шумораи хеле зиёди ҷасадҳоро метавон супурд",- таъкид кард дипломат.
Вай гуфт, ҷониби Украина аз қабули ҷасадҳо ҳамчунин аз тарс аз он ки обрӯи ҳукуматро паст мезанад худдорӣ мекунад, зеро ин нишон медиҳад, ки талафот хело болост.
Ҳафтаи гузашта Русия ва Украина ҷасадҳои сарбозони кушташударо мубодила карданд, ки Киев 1000 ҷасад ва Маскав боқимондаҳои 31 сарбозро гирифт.